Ноиби сарвазири Русия ду хатар аз Афғонистон барои Осиёи Марказиро гуфт

Вазъи ноороми Афғонистон барои кишварҳои ҳамсоя хатар эҷод мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Юрий Борисов, муовини сарвазир Русия суҳбат бо шабакаи телевизионии “Россия-1” гуфт, ки бинобар шиддат ёфтани вазъ дар Афғонистон, хатарҳо барои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.
Сиёсатмадор ду таҳдиди эҳтимолиро барои кишварҳои минтақа номбар кард.
"Шакли таҳдидҳо фаҳмост. Ин воридшавии гурӯҳҳои террористӣ дар шаклҳои гуногун, аз ҷумла зери ниқоби паноҳандагон аст", - гуфт Борисов.
Муовини сарвазири Русия инчунин аз афзоиши гардиши маводи мухаддир, ҳамчун хатари дигари эҳтимолӣ ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ёдрас шуд.
Ҳушдори Раҳмон аз ҷанги дохилии Афғонистон ва афзоиши гурезаҳо ба кишварҳои СҲШ ва СААД
Ҳамчунин дар ин мусоҳиба Борисов инчунин вокуниш ба таҳдидҳои эҳтимолиро ёдрас шудааст.
Юрий Борисов дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионӣ гуфт: “Агар лозим шавад, мо метавонем ба зудӣ қувваҳо ва воситаҳои заруриро ҷамъ оварем ва ба таҳдидҳои нави ба вуҷудомада вокуниш нишон диҳем”.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари шиддат гирифтаани вазъи Афғонистон кишварҳои СААД тавонмандии нерӯҳояшонро тақвият медиҳанд.