ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Нурулло Алиев дар Русия вориди як набарди нав гашта онро бо пирӯзӣ анҷом дод.
Дар мусобиқаи ёдбуди Абдулманап Нурмуҳаммадов размикори тоҷик бо Кирилл Крюкови рус вохӯрд. Мубориза "то пирӯзӣ" давом кард ва ғолибро доварон баҳо доданд.
Бо қарори доварон пирӯзӣ насиби Нурулло Алиев шуд. Ин шашумин муборизаи варзишгар, ки пай дар пай бидуни шикаст анҷом мешавад.
Мавриди зикр аст, ки ҷанги қаблии Алиев дар мусобиқаи AMC Fight Nights моҳи декабри соли 2020 баргузор шуда буд.
Боз ду вохӯрии ба нақша гирифташуда бо варзишгарони дигар дар давоми сол мавқуф гузошта шуда буд.
"Муборизаи хеле душвор. Аммо ман на танҳо барои Кирилл, барои ҳар як рақиб омодагӣ мегирифтам. Ман имконият доштам, ки дар мусобиқа ба хотираи Абдулманап Нурмагомедов мубориза барам. Кирилл як бачаи таҷрибадор аст. Ӯ дар нӯҳ муҳориба пирӯзӣ дорад ва зарбазани хуб аст, аммо зарбаи ӯ ба ман кор накард ", - суханони Нуруллоро иқтибос меорад "RB Sport".
Алиев инчунин афзуд, ки ин мубориза хуб буд ва на танҳо ба Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки дар ин чорабинӣ ҳузур дошт, балки ба ҳама тамошобинон писанд омад.
Ёдовар мешавем, ки набарди шашуми Нурулло Алиев охирин муборизаи ӯ мувофиқи шартнома буд. Ҳоло варзишгари тоҷик ба агенти озод табдил ёфтааст.