ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Нафигулла Аширов, муовини раиси Шӯрои муфтиёти Русия, раиси Идораи рӯҳониёни мусалмони қисми осиёии Русия дар гуфтугӯ бо радиои "Говорит Москва” ба мушкилоти камбуди масҷидҳо дар пойтахти Русия ишора кард.
Муфтӣ гуфт кард, ки пеш аз пандемия, ҳар рӯзи ҷумъа ҳама кӯчаҳои чаҳор масҷиди Маскав пур аз намозгузорон буданд.
"Шумораи мусулмонон дар Маскав ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Чаҳор масҷид наметавонад пурра намозгузоронро қонеъ кунад ва онҳо маҷбуранд, ки ҳоло дар зери борону барф, дар пиёдагардҳо намоз хонанд", - афзуд руҳонӣ.
Нафигулла Аширов тавзеҳ дод, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои мусалмонон сохтмони як ё ду масҷиди дигар кофӣ хоҳад буд ва ба гуфтаи ӯ шарт нест ин масҷидҳо дар маркази пойтахт сохта шаванд, масҷидҳоро метавон дар минтақаҳои атрофи Маскав бунёд шаванд.
Муфтӣ ҷудо кардани майдон барои сохтмони масҷидро мушкили асосӣ номидааст.
"Зиёда аз 15 сол аст, ки барои сохтмони масҷид то ҳол ягон қитъаи замине ҷудо нашудааст. Сабаб дар чист, мо намедонем. Масҷидҳоро дар Русия худи мусалмонон месозанд", - шарҳ дод Аширов.
Ба гуфтаи ӯ масъалаи норасоии масҷидҳо чуноне, ки дар пойтахти Русия эҳсос мешавад, дар дигар минтақаҳои Русия дида намешавад.