ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Владимир Норов, намояндаи Ӯзбекистон, ки аз аввали соли 2019 дар мақоми дабири кулли СҲШ фаъолият мекунад, мақомашро ба намояндаи Чин медиҳад.
Бар асоси санади имзокардаи роҳбарони давлатҳои узви СҲШ дар Душанбе, дабири кулли нави ин созмон Жан Мин, намоянда аз Чин таъйин гардид. Интизор меравад, ки Жан Мин ба кор дар мақоми нав аз оғози соли оянда пардозад.
Инчунин Ҷумъахон Ғиёсов, намояндаи Тоҷикистон, ки аз 1 январи соли 2019 раҳбарии Кумитаи иҷроияи сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шонгҳойро бар уҳда дорат, тарки мақом мекунад.
Ҷойгузини Ғиёсов дар мақоми раиси Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шонгҳой намояндаи Ӯзбекистон Руслан Мирзоев мешавад.
Мақомдорони СҲШ барои се сол таъйин мегарданд.
СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои узвияти комилҳуқуқи Эрон низ дар нишасти Душанбе оғоз гашт.