ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Чин зикр намуд, ки дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон вазъ дар ин кишвар ба таври куллӣ тағйир ёфт.
Си Ҷинпин изҳор дошт, ки дар марҳилаи ҷадид, ки Афғонистон дучори он шудааст, мушкилоти зиёд дар пеш хоҳанд буд.
Ба гуфтаи Ҷинпин, бояд қудратдорони нави Афғонистонро такон дод, то ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанд. "Ин бо он мақсад аст, ки Афғонистон тавонад дар ҳамгироӣ бо кишварҳои хориҷӣ пеш равад",- илова намуд ӯ.
Дар баробари ин роҳбари Чин махсусан таъкид намуд, ки мубориза бо тундгароии исломӣ, аз ҷумла бо Ҳаракати "Туркистони шарқӣ"* бояд таҳким ва тамомияти арзии кишварҳо эҳтирому ҳифз шавад.
Феълан таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе идома дорад. СҲШ ҳашт кишвар - Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистонро шомил буда, расмиёт барои пазируфтани узвияти комилҳуқуқи Эрон дар ин созмон низ дар нишасти Душанбе оғоз гаштааст.
Дар нишасти Душанбе сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди (онлайн), раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев, президентҳои Чин Си Ҷинпин (онлайн ), Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Покистон Имрон Хон, президентҳои Русия Владимир Путин (онлайн) ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ширкат мекунанд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои нозири СҲШ - президентҳои Беларус Александр Лукашенко, Эрон Иброҳими Раисӣ ва Муғулистон Ухнаагийн Хурелсух (онлайн) низ дар ин нишаст иштирок доранд.
*-созмони террористии мамнуъ дар бархе кишварҳои ҷаҳон