ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон дар Твиттер дар бораи авзоъ дар Панҷшер навишт: “Толибон”*-и мутаҷовиз масири расидан ҳама тадорукотро қатъ ва муҳосира ва ҳамаи ниёзҳои зарурии мардумро низ қатъ карда аст, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид доштааст, ки Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон ба ҷанг комилан омода аст ва ҳазорҳо нерӯҳои маҳаллӣ дар водии Панҷшер ҳузур доранд ва омодаи муқовимат ва дифоъ ҳастанд.
Дар охири паёми Твиттерӣ Ҷабҳа қайд кардааст, ки муқовимат идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанд ҳафта пеш ҷангҷӯёни “Толибон”* ҳамлаҳои худро ба вилояти Панҷшер оғоз карданд, ки дар он ҷо задухӯрдҳои шадид миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷангиёни “Толибон”* идома доранд.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст