ДУШАНБЕ, 17 сен – Sputnik. Президенти тозаинтихоби Эрон мегӯяд, бо Тоҷикистон фасли нави ҳамкориҳоро оғоз хоҳанд кард.
Иброҳими Раисӣ мегӯяд, ин сафар шуруи фасли ҷадид дар муносиботи ду кишвар аст.
"Мо бо Тоҷикистон иртиботи иқтисодию сиёсӣ доштему дорем ва ҳамчунин ин раванд дучори як вақфае шуд, ки мо бо ин сафар як фасли ҷадидро дар равобит бо Тоҷикистон рақам хоҳем зад",- гуфтааст Раисӣ дар суҳбат бо хабарнигорони эронӣ
Ӯ гуфтааст, ки пас аз нишасти Шонгҳой бо Тоҷикистон музокироти дуҷониба дар сатҳҳои гуногун анҷом хоҳанд дод, ки дар зимни он имзои чанд созишномаву қарордод дар назар аст.
Ҳамзамон президенти Эрон иҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкорияш бо кишварҳои Осиё афзоиш хоҳад ёфт.
Эрон то кунун дар СҲШ ба ҳайси нозир ширкат мекунад ва дар нишасти ин созмон, ки дар Тоҷикистон идома дорад, дар назар аст, ба ҳайси узви комилҳуқуқ пазируфта шавад.
Дар Эрон бар ин умеданд, ки вуруди Теҳрон ба СҲШ таҳримҳоро алайҳи ин кишвар сабуктар хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки муносиботи Тоҷикистон ва Эрон дар давраи президентии Аҳмадинажод дар сатҳи болое қарор дошт, ки бузургтарин тарҳҳо - нақби "Истиқлол" ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҳамон замон роҳандозӣ гашта буданд. Аммо пас аз соли 2015, дар даврони раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ робитаҳои ду кишвар сард гашт.
Ҳоло ба назар мерасад, мақомоти ҳар ду кишвар барои барқарории равобити қаблии Душанбе ва Теҳрон талош доранд.