ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистону Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни “Толибон”*-у тоҷикон ба тавофуқ расиданд.
“Мо ба тавофуқ расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни Толибон тоҷикон мусоидат хоҳем намуд”, - гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.
Вай зимни нишасти матбуотӣ намуд, ки вазъи кунуни дар Афғонистон нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.
“Мо ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар азиятдида пеш аз ҳама манфиатдорем. Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, ба хусус барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад”, - қайд кард, Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчи зудтар барқарор гардад ва манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта шаванд.
“Ташкили ҳукумати фарогир дар он кишвар бояд бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои иҷтимоӣ бошад. Ҳамзамон мо таъкид бар он кардем, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари Тоҷикистон афзуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин хоҳад шуд.
“Ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кумакҳои башардӯстона, яъне аз ҷониби ниҳодҳои СММ, Салиби сурх ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошанд”, - илова кард раисҷумҳури Тоҷикистон
Ҳамзамон вай илова кард, ки Тоҷикистону Покистон ба мувофиқа расиданд, ки тамоми кушишу худро барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст