Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Бозкушоии мактабҳо ва мадрасаҳои писарон дар Афғонистон: Тақдири духтарон чӣ мешавад?

Вазорати маорифи Афғонистон аз бозкушоии мактабҳо ё мадрасаҳои писарон сар аз рӯзи шанбе хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Вазорати маорифи Афғонистон дар баёнияи ахири худ навиштааст, ки ҳама "мактабҳои аморот, хусусӣ, мактабҳои расмӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмии ин кишвар" дубора бо кори худ оғоз мекунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин баёния гуфта шудааст, ки азбаски оғози раванди таълим дар ҳама мактабҳо барои хонандаҳои то синфи шаш эълон шуд.
Баёния мегӯяд, дарс дар тамоми мадориси мардонаи Афғонистон аз санаи 27 сентябр, рӯзи шанбе, рӯзи аввали ҳафта дар кишварҳои исломӣ, оғоз мешавад.

“Аз ин рӯ ҳамаи омӯзгорону донишҷомӯзони мард бояд дар мактабҳои худ таҳсил кунанд”, - таъкид доштааст Вазорати маорифи давлати “Толибон” (гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистону Русия).

Ҳамзамон таъкид шудааст, ки тамоми вилоят ва масъулини зирабт дар ин замина иқдомоти лозимро рӯи даст бигиранд.
Имрон Хон дар бораи вазъи Афғонистон ва ваъдаҳои "Толибон": Ин фурсати хуби хатми ҷанг аст
Дар ҳамин ҳол Вазорати маорифи давлати “Толибон” дар бораи боз шудани мактабҳои миёна ва дабиристонҳои духтарона чизе нагуфтааст.
Ёдовар мешавем, ки пас аз суқути давлати пешини Афғонистон ва омадани гурӯҳи “Толибон” сари қудрат ҳама мактабҳо ва донишгоҳҳо таътил шуданд.