Ширкати онлайнии Си Ҷинпин дар нишастҳои СҲШ ва СПАД

Раҳбари Чин аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кард. Дар охирин лаҳза маълум шуд, ки ӯ ба Душанбе намеояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Мардумии Чин Си Ҷинпин ба таври онлайнӣ дар нишастҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) суханронӣ хоҳад кард, хабар додааст, хабаргузории "Синхуа" бо истинод ба сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Чин Хуа Чунин.
Сабабҳои адами ҳузури Си Ҷинпин дар ин нишастҳо зикр нашудааст.
Қаблан маълум шуд, ки президенти Русия Владимир Путин низ дар нишасти сарони СҲШ ва СПАД ба Душанбе ширкат намекунад.
Путин ба Тоҷикистон намеояд, қарантин рафт
Сабаби наомадани Путин ба Душанбе тамосаш бо як бемори коронавирус гуфта мешавад, ки пас аз ин иттифоқ ба худинзивоӣ рафтааст.
Гуфта мешавад, ки раҳбарони Ҳиндустон, Муғулистон ва Дабири кулли СММ низ дар формати видеоӣ ба музокирот ҳамроҳ мешаванд.
Раҳбарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбакистон ва сарвазири Арманистон дар ин нишаст ҳузуран ширкат хоҳанд кард.
Песков сабаби Душанбе нарафтани Путинро гуфт: Намехоҳад дигаронро дар хатар гузорад
Интизор меравад, ки сафари президенти тозаинтихоби Эрон Иброҳими Раисӣ ба Тоҷикистон сурат бигирад.
Дар чорабиниҳо инчунин дабири кулли СПАД, роҳбарони СҲШ ва кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақаӣ иштирок мекунанд.
Масъалаи асосии рӯзномаи нишастҳои сарони СҲШ ва СПАД вазъи Афғонистон аст.