Путин хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистонро маҳкум кард

Путин бо ишора ба таҳдидҳои мавҷуд дар минтақа хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбиро аз Афғонистон "шитобзада" хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин зимни ширкати онлайнӣ дар нишасти СААД дар Душанбе дар робита ба хуруҷи нерӯҳои эътилофи ғарбӣ аз Афғонистон изҳори назар кард.
Президенти Федератсияи Русия хуруҷи нирӯҳои амрикоиро аз Афғонистон "шитобзада" хонда, аз таҳдидҳое, ки бинобар ин иқдом дар минтақа ба вуҷуд омадаанд, тазаккур дод.
Ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар Душанбе оғоз шуд
Ба гуфтаи Путин, вазъ дар Афғонистон барои кишварҳои узви СААД хатари ҷиддӣ дорад ва аз ин рӯ ин созмон бояд барои ҳифзи субот дар қаламрави худ омода бошад.
Ба гуфтаи ӯ, СААД бояд омода бошад, ки аз нерӯи дифоӣ ва сиёсии худро барои нигоҳ доштани субот дар қаламраваш истифода кунад.
"Вазъият дар минтақаи СААД ва берун аз марзи кишварҳои узв на танҳо ноором аст, балки барои амнияти кишварҳои мо воқеан мушкилот ва хатарҳои зиёдеро ба бор меорад", - гуфт президенти Русия.