Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Имрон Хон ва Раисӣ дар Душанбе авзоъи Афғонистонро баррасӣ кардаанд

Нахуствазири Покистон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ бо раисҷумҳури Эрон дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Имрон Хон дар шаҳри Душанбе бо Сайид Иброҳими Раисӣ мулоқот кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Гуфта шудааст, ки ин нахустин дидори раҳбарони ду кишвари ҳамсоя Эрону Покистон пас аз пирӯзии Сайид Иброҳими Раисӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст.
Манбаъ таъкид кардааст, ки дафтари нахуствазири Покистон дар бораи ин нишаст ва ҷузъиёти музокироти раҳбарони Эрону Покистон изҳороти расмӣ нашр хоҳад кард.
Захарова: Ғарб бидуни Русия дар ҳалли фоҷеаи Афғонистон дасткӯтоҳ аст
Қайд шудааст, ки ҷонибҳо равобити дуҷониба ва таҳаввулоти ахир дар минтақа, аз ҷумла авзоъи Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Нахуствазири Покистон қаблан дар як сӯҳбати телефонӣ Сайид Иброҳими Раисӣ бо пирӯзиаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон табрик гуфта буд ва онро зуҳури эътимоди мардуми мо номида, президенти Эронро ба Покистон даъват кард.
Қабл аз сафари нахуствазир ба Тоҷикистон, сухангӯи ҳукумати Покистон гуфта буд, ки раҳбарони Эрон ва Покистон дар ҳошияи нишасти Шанхай мулоқот карда, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба, ба хусус таҳаввулот дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.