Садама дар Рӯшон боиси фавти ронанда ва се мусофир шуд

Бар асари як садама дар роҳи мошингарди ноҳияи Рӯшон ронанда бо се мусофираш даргузаштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз як сонеҳаи нақлиётӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ доштааст.
Бинобар хабари ин ниҳод, ин ҳодисаи нохуш дар рӯзи 14 сентябр дар наздикии деҳаи Хуфи ҷамоати деҳоти Пастхуфи ноҳияи Рӯшон иттифоқ афтодааст.
Гуфта мешавад, ронандаи мошини сабукрав зимни ҳаракат аз маркази ноҳияи Рӯшон ба самти деҳаи Хуф аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, ба ҷарии 100 - 150-метра сарозер шуд.
Ду садама ва ду қурбонӣ дар ду рӯзи ахир
Дар натиҷа, худи ронанда ва ҳамаи мусофирони ӯ, ки се нафар буданд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Манбаъ меафзояд, феълан Раёсати умури дохилӣ дар ин вилоят ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ аз тамоми ронандаҳо хоҳиш намудааст, ки дар ҷодаҳои кӯҳӣ қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд, то ҷони худ ва мусофиронро дар хатар нагузоранд.