ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. СААД барномаи ҷадиди таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро омода мекунад. Дар ин бора Станислав Зас, дабири куллии СААД иттилоъ дод.
Ин тасмим дар пайи ҷаласаи муштараки вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД гирифта шудааст.
"Гузориш дар бораи таҳияи барномаи байнидавлатии СААД дар мавриди устувор кардани бархе қисматҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон шунида шуд", - изҳор дошт Зас.
Ба гуфтаи дабири кулли СААД, барномаи таъмини амният дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон такмил мешавад.
Дар доираи таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон амалиёти зиддимухаддиротии "Канал" ва амалиёти байнидавлатии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал" баргузор мегардад.
Мулоқоти вазирони мудофиа ва корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД дар Душанбе рӯзи 15 сентябр баргузор шуд. Аз мавзуъҳои марказии мулоқот масоили марбути Афғонистон буданд. СААД бори дигар таъкид намуд, ки дар сурати зарурат нерӯҳои ин созмон ба кумаки Тоҷикистон хоҳанд рафт.