Суҳбати собиқ мақомдори Исроил: аз хатари толибони тоҷик то русбезорию Лукашенко - видео

Яков Кедми, собиқ роҳбари яке аз хадамоти махсуси Исроил, аз хатари "Толибон"* ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон гуфт
Sputnik
Яков Кедми меҳмони барномаи БИП ("Белые и Пушистые") шуда, дар мавриди мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир андешаронӣ намуд.
Ӯ аз ҷумла ба суол дар мавриди хатарҳои ғасби Панҷшеру шимоли Афғонистон аз сӯи "Толибон"* бо ҷалби гуруҳҳои террористии дигар, барои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард.
Кедми бо зикри он, ки аҳолии қисмати шимоли Афғонистонро асосан тоҷикон, ӯзбекҳо, туркманҳо ва дигар миллатҳо ташкил медиҳанд, хатарро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ воқеӣ хонд.
Ӯ гуфт, дар марҳилаи аввал эҳтимоли вуруди Толибони тоҷику ӯзбек ба Осиёи Марказӣ ба шеваи идеологӣ мавҷуд аст. Бартарафсозии ин хатарҳо ба гуфтаи Кедми, аз он вобаста аст, ки то куҷо ҳукуматҳо дар Осиёи Марказӣ устувор хоҳанд буду Русия дар баробари ин хатарҳо истодагарӣ хоҳад кард.
Собиқ мақомдори хадамоти махсуси Исроил инчунин назарашро дар мавриди шикасти ИМА дар Афғонистон, аъмоли Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус ва буҳрони нави муҳоҷират дар Аврупо баён доштааст.
Кедми дар ин суҳбат ба суолҳо дар мавриди имкони истихдоми Байден, Пашинян, Зеленский барои хидмат ба хадамоти махсус посух дод. Ӯ аз рӯи акс ва нигоҳи бархе роҳбарон ва чеҳраҳои шинохта хислатҳояшонро тасвир кард.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар