ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин тамоси телефонӣ доир намуданд ва дар ҷараёни суҳбат масъалаи ҳамкориҳои мутақобиланд судманд миёни Русия ва Ӯзбекистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин раисиҷумҳурон ба вазъи феълии Афғонистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир намуда ҳолати кунунии ин кишварро мавриди баҳс қарор доданд.
Қаблан интизор мерафт, ки ҳар ду сарони ин ду давлат ба хотири иштирок дар нишасти СҲШ ва СААД бояд меҳмони Тоҷикистон мешуданд.
Вале ба далели тамос доштани Путин бо афроди зиёди мубталои коронавирус, сафари ӯ ба Тоҷикистон лағв шуд ва ӯ тариқи онлайн ба кори саммити дарпешистода ширкат меварзад.