Песков сабаби Душанбе нарафтани Путинро гуфт: Намехоҳад дигаронро дар хатар гузорад

Далели асосии қарантин ё худинзивои раисиҷумҳури Русия иртибот доштани ӯ бо гирифторони коронавирус эълон шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт, ки чаро Владимир Путин сафараш ба Душанберо лағв кард.
Ба гуфтаи Песков, Путин намехоҳад саломатии шариконашро зери хатар гузорад.
"Амалан президент нафари иртиботдошта бо шахси бемор ҳисоб мешавад ва бояд дар зимни мавзеъгирӣ масъулият дошта бошад. Набояд саломатии шарикони худ - иштирокдорони ҳамоишҳои Душанберо зери хатар гузорад", - изҳор дошт Песков.
Инчунин гуфта мешавад, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад нафари бемор набудааст, ки Путин бо ӯ иртибот доштааст.
Путин дар тамоси телефонӣ бо Раҳмон сабаби Тоҷикистон наомаданашро шарҳ дод
Дар ҳамин ҳол Песков афзуд, ки Владимир Путин фавран пас аз тамос бо нафароне, ки маризи коронавирус буданд, аз ташхис гузашт ва натиҷаи ташхис манфӣ баромад.
"Ӯ куллан сиҳҳату саломат аст", - таъкид намуд сухангӯи Путин.
Феълан маълум нест, ки маризоне, ки раисҷумҳур бо онҳо иртибот доштааст, хешовандон, муҳофизони ӯ, кормандони хадамоти протоколӣ будаанд ё нафарони дигар.
Қаблан иштироки Путин дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ ва СААД рӯзҳои 16 - 17 сентябр дар назар буд. Аммо Кремл эълон кард, ки ба далели қарантин Путин дар ҳамоишҳои Душанбе аз тариқи видеоконфронс иштирок хоҳад кард.