Даргузашти Тоҳир Азиззода, раиси 41-солаи ноҳияи Мастчоҳ

Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар пайи беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ 41 сол дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Даргузашти Тоҳир Азиззодаро дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Фитрати Ҳикмат, сардабири ҳафтаномаи ноҳиявии “Машъал” таъйид кард.
“Аз аввали моҳи сентябр ба ин тараф вазъи саломатиашон хуб набуд. Рӯзи 1 сентябр дар рӯзи Дониш дар ифтитоҳи як муассисаи таълимӣ иштирок карданд, баъди ҳамин дар хона табобат мегирифтанд. Ду се рӯзи пеш саломатиашон бадтар шуд ва барои ҷарроҳӣ ба шаҳри Душанбе рафтанд, вале ин бегоҳ ҷон ба Ҳақ таслим намуданд”, - гуфт Ҳикмат.
Ин ҳамсуҳбати мо дар бораи аз чи беморӣ фавтидани Азиззода изҳори бехабарӣ кард, танҳо гуфт, ки “табъ кардаанду фишорашон ҳам баланд шудааст”.
Дар бораи даргузашти Тоҳир Азиззода дигар масъулони ҳукумати ноҳияи Масчоҳ дар саҳфаи худ дар фейсбук хабар дода, барои пайвандони марҳум ҳамдардӣ изҳор намудаанд.
Даргузашти гурзандози шинохтаи шӯравӣ: касе ҳанӯз рекордашро нашикастааст
Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат 17 апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷандро дар бахши иқтисодӣ хатм кардааст. Солҳои 1997-2002 дар вазифаи мудири шӯъбаи ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст. Аз соли 2002 то 2012 роҳбари хоҷагии деҳқонии ба номи Мусо Исоев дар деҳаи Пастиғави ин ноҳияи буд. Соли 2012, ӯ як ширкати сохтмонии ҶДММ "Пастиғав" -ро таъсис дод ва то соли 2016 раҳбари ин ширкат буд. Соли 2016 бо фармони раиси ноҳия ӯро муовини аввали раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таъин карданд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.
Азиззода аз 13 январи соли 2020 бо фармони Президенти Тоҷикистон раиси ноҳияи Мастчоҳ таъин шуда, аз ҷониби раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни як ҷаласа барои масъулини ноҳия муаррифӣ гардид.