Мавҷи сеюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо

Наздик ба пирӯзӣ. Вазорат омори нави коронавирус дар Тоҷикистонро нашр кард

Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори нави паҳншавии коронавирус дар кишварро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз наздик расидан ба поёни пандемия дар кишвар хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар 24 соати гузашта дар кишвар танҳо ташхиси коронавируси 9 нафар мусбат будааст.
Ҳамин тариқ, аз оғози паҳншавии пандемия дар Тоҷикистон то имрӯз 17 084 нафар ба вируси корона гирифтор шудааст.
Давоми шабонарӯзи ахир 11 нафари дигар аз ин беморӣ шифо ёфта, шумораи умумии он нафароне, ки аз ин беморӣ ҷон ба саломат бурдаанд, ба 16,946 расид.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Хатарноктарин нишонаи коронавирус маълум шуд
Аз нимаи моҳи август дар кишвар ягон ҳолати марг ба қайд гирифта нашудааст, аммо дар маҷмӯъ 124 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Мавҷи нави коронавирус дар Тоҷикистон авохири моҳи август рӯ ба коҳиш овард.
Ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, кишвар мавҷи дуввуми COVID-19-ро паси сар карда истодааст.
Хотиррасон мекунем, ки Вазорати тандурустӣ мунтазам аз ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки қоидаҳои пешгирии коронавирусро риоя кунанд: дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоб пӯшанд.