ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамин ҳафта барои анҷоми як сафари расмӣ озими Тоҷикистон мешавад.
Сухангӯи ӯ Шерзод Асадов зимни як нишаст изҳор дошт, ки Мирзиёев ба хотири иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай меҳмони Тоҷикистон мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзи аввали нишаст Шавкат Мирзиёев бо раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дидору гуфтугӯ мекунад.
Гузашта аз ин Мирзиёев рӯзи 16 сентябр бо сарвазири Покистон Имрон Хон мулоқот мекунад.
Зимнан рӯзи 17 сентябр мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор мегардад ва дар ин рӯз сарвари Ӯзбекистон бо раисиҷумҳури Эрон Иброҳими Раисӣ дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Бояд гуфт, СҲШ тайи ин нишаст бистумин солгарди худро таҷлил мекунад. Пас аз анҷоми нишаст раёсати созмон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон мегузарад.
Дар баробари ин нишасте дар формати нав - нишасти "Созмони Ҳамкории Шанхай - Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ" низ дар Душанбе баргузор мешавад. Дар ин нишаст раисиҷумҳурон ва сарвазири Покистон вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.