ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Ширкати миллии ҳавопаймоии Покистон Pakistan International Airlines (PIA) парвозҳоро дар хатсайри мусофиркашонӣ ба Кобул аз сар мегирад, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "Бол News".
Ҳамин тариқ, аввалин парвоз рӯзи душанбе, 13 сентябр сурат мегирад. Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки мақомоти авиатсионии Афғонистон алакай бо интиқолдиҳанда дар бораи ҷузъиёт мувофиқа карда, барои фуруд овардани ин ширкат дар фурудгоҳи Кобул иҷозатнома додаанд.
Мусофирон имкон доранд бо ҳавопаймоҳои Airbus 320 парвоз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, пештар ширкати миллии ҳавопаймоии Афғонистон Ariana Afgon Airlines низ нияти азсаргирии парвозҳои байналмилалиро эълон кард. Ширкати миллии интиқоли Афғонистон тасмим гирифтааст, ки парвозҳоро аз ҳафтаи оянда оғоз кунад.
Ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки дар кадом самтҳо парвозҳоро дубора оғоз мекунанд, аммо пештар расонаҳои маҳаллӣ эълом доштанд, ки парвозҳо ба Ҳиндустон, Туркия, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ дар навбати аввал аз сар гирифта хоҳад шуд.
Пештар Русия дар бораи парвози нави чартерӣ аз Афғонистон хабар дода буд. Аз ин парвоз, на танҳо шаҳрвандони Русия, балки аъзои оилаи онҳо, ки шаҳрвандии Русия надоранд, метавонанд истифода кунанд.