Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Байден: часпидан ба ҳавопаймоҳо дар Кобул, метавонад дар Тоҷикистон такрор шавад

Раҳбари Кохи Сафед гуфт, ҷонибдорони ИМА дар Тоҷикистон, ба монанди афғонҳое, ки аз ҳукумати Толибон* мегурезанд, метавонистанд ба ҳавопаймоҳо часпанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Вазъияти одамоне, ки дар талоши фирор аз Афғонистон дар фурудгоҳи Кобул ба ҳавопаймоҳои нақлиётии ҳарбии ИМА часпида, сипас сарозер шуданд, имкон дорад дар Тоҷикистон такрор шавад. Ин андешаро роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден изҳор дошт.
Президенти ИМА ҳангоми боздид аз як маркази оташнишонӣ дар Пенсилвания аз амалҳои худ дар Афғонистон дифоъ кард.
Ёдовар мешавем, ки дар охири моҳи апрел Байден тасмим гирифт, ки нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон берун кунад, ки боиси ба осонӣ ба сари қудрат омадани ҷангиёни ҳаракати радикалии Толибон* шуд. Баъди ин садҳо ҳазор нафар талош карданд, Афғонистонро тарк кунанд.
"Одамони часпида ба ҳавопаймо меафтанд": навори мудҳиш
Дар талоши фирор афғонҳо ба ҳавопаймоҳои амрикоӣ, ки шаҳрвандони худро интиқол медод часпиданд ва сарозер шуда ҷон бохтанд.
Ба гуфти Байден, бо дигар роҳ, тарки ҷумҳурӣ ғайриимкон мебуд.

"Агар мо дар Тоҷикистон мебудем, як ҳавопаймои ҳарбии нақлиётии С-130-ро мебаровардему мегуфтем, ки мо ба ҳамаи онҳое, ки мо ҳамкор буданд, иҷоза медиҳем, ки ба ҳавопаймо савор шаванд, шумо одамонро ҳамонгуна дар шасси овезон медидед", - гуфт ӯ.

Бояд қайд кард, ки пас аз ғасби қудрат, Толибон* тамоми нуқтаҳои марзии Афғонистонро таҳти назорат гирифтанд. Аз ин рӯ, ягона роҳи берун шудан аз Афғонистон, тариқи фурудгоҳи Кобул буд.
Чанд ҳафта дар бандари ҳавоии пойтахти Афғонистон бетартибӣ идома дошт. Ҳазорон нафар тӯли чанд рӯз ба фурудгоҳ ҳуҷум карда, аз болои девори он баромада, мехостанд ба ягон ҳавопаймо савор шаванд.
Нишасти аввалин ҳавопаймо пас аз хуруҷи Амрико ба фурудгоҳи байналмилалии Кобул
Бисёре аз шаҳрвандон бар асари тирандозӣ ва ҳамлаҳои террористӣ ҷон доданд.
Террористони ДИИШ* аз фурсат истифода бурда, дар бандари ҳавоӣ як силсила таркишҳо ташкил карданд.
Пештар хабар дода шуд, ки фурудгоҳ барои парвозҳои байналмилалӣ боз шудааст.
* - созмони террористӣ, ки дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст