Варзишгарони тоҷик дар “SHYMKENT CUP” шаш медал ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии оид ба таеквондо WT “Shymkent Cup” шаш медал ба даст оварданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таеквондо WT ба хотираи Рашид Жуманов, ки дар шаҳри Шимкенти Қазоқистон аз 5 то 10 сентябр доир шуд, шаш медал ба даст овард.
Дар ин мусобиқа 795 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз рӯи чор синну сол – кӯдакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон ширкат карданд.
Муштзани Тоҷикистон бар асари ҷароҳат аз имконияти дастёбӣ ба камарбанди IBF маҳрум шуд
Ба иттилои Федератсияи таеквондо ВТФ-и Тоҷикистон, аз Тоҷикистон 24 варзишгар, 3 довар ва 3 мураббӣ ба ин мусобиқа сафарбар гардида, 6 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 4 биринҷӣ - ба даст оварданд.

Гуфта мешавад, ки медали тиллоро Руҳангез Аҳмадова дар вазни -29кг миёни наврасон сазовор гардид.
Абдураҳим Иброҳимов дар вазни -20кг миёни кӯдакон соҳиби медали нуқра шуд. Медалҳои биринҷиро Муҳаммадҷон Суннатов (-68кг) миёни калонсолон, Нозия Туймуродзода (-51кг) миёни наврасон, Азимҷон Абдуллоев (-32кг) ва Идрис Ҳасанов (-20кг) миёни кӯдакон ба даст оварданд.