ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Шавкатҷон Раҳимов, зодаи Тоҷикистон, барои дарёфти камарбанди қаҳрамонии IBF дар вазни сабук ширкат нахоҳад кард.
Маълумот дар ин бора ҳанӯз моҳи август пайдо шуда буд, аммо сабаби лағви ширкати ӯ гуфта намешуд. Қаблан сухан дар бораи мавқуф гузоштани ҷанг буд.
Дар аввал бояд бо зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия тамрин ва ҳунарнамоӣ мекунад, мебоист Кеничи Огаваи ҷопонӣ ба ринг ворид мешуд. Мубориза мебоист 20 август дар Дубай баргузор мешуд.
Аммо маълум шуд, ки зодаи Тоҷикистон моҳи август лат бардошта буд ва барои камарбанд, ки аз соли 2019 ба ин сӯ талош мекард, рақобат намекунад.
Ҳамакнун барои дарёфти унвони қаҳрамонии IBF Кеничи Огава аз Ҷопон ва Аҳинга Фузиле аз Африқои Ҷанубӣ рақобат хоҳанд кард.