ДУШАНБЕ, 10 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳолати нави кордзанӣ дар вилояти Суғд хабар додааст.
ВУД мегӯяд, муноқиша миёни ду ҷавон, сокинони ноҳияи Айнӣ бо кордкашӣ анҷомидаст, ки якеро маҳбасию дигареро бистарӣ кардааст.
Мақомот мегӯянд, ҳодиса рӯзи 9-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00 рух дод.
"Марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба хонаи истиқоматии марди 26-солаи сокини ҳамин ҷамоат рафта, аз сабаби мунақишаи ба миён омада, бо корди бо худ дошта 11-маротиба ба аъзои бадани охирон задааст", - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Ин ниҳод мегӯяд, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Маъмурин нисбати гумонбаршаванда бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ, парванда оғоз карда, феълан аз рӯи ин ҳодиса, тафишот идома дорад.