ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Ин таъйинот ахбори расонаҳои ҷаҳонӣ дар бораи кушта шудани ӯ дар ҷангҳои Панҷшерро ботил сохт. Панҷ рӯзи қабл расонаҳои байнулмилалие, назири “Афғонистон интернешнал” – и Бритониё ва “СибиЭс”-и Амрико аз кушта шудани ин фармондеҳи Толибон* бо иттифоқи 13 муҳофизи худ дар ҷанги муқобили нируҳои Муқовимати миллӣ дар вулусволии Хинҷ кушта шудааст.
Sputnik Тоҷикистон ба далели вуҷуд надоштани маълумоти мувассақ дар бораи кушта шудани ӯ аз нашри ин хабар худдорӣ карда буд ва талошҳояш барои таъйиди он аз манобеъи мухталиф натиҷа надоданд.
Ҳаракати Толибон* низ ин хабарро таъйид ё такзиб накарда буд. Аминуллоҳ Ғафурӣ, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки гуфта мешуд, Қорӣ Фасеҳуддин аз дасти ҷанговарони ӯ дар соҳаи Пеҷғури вулусволии Хинҷи дараи Панҷшер ба ҳалокат расидааст, ба ҳамсӯҳбатони Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, ки аз ҳамчунин як ҳодиса хабар надорад.
“Маҳалле, ки гуфта мешуд, ӯ кушта шудааст, на иртифоъ дорад, на барои ҷанг ё таваққуф мусоид аст ва ҳам на касе дар он ҷо Қорӣ Фасеҳуддинро дидааст. Зоҳиран, иттилои кушта шудани ӯ таблиғот барои ҷуброни кардани хабари ба шаҳодат расидани чеҳраҳои матраҳи Ҷабҳаи муқовимат - Фаҳими Даштӣ ва генерал Вадудхони Зарра буд”, - гуфтанд манобеъ.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯ ва генерал Вадудхон Зарра, масъули истихбороти низомии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва ҷияни Аҳмадшоҳи Масъуд рӯзи 5 сентябр ба шаҳодат расиданд. Фарзияи марги онҳо ба чанд адад мерасад.
Яке мегӯяд, ин кори дасти Толибон*, дигаре, тайёраҳои бесарнишини Покистон ва саввумӣ, Динмуҳаммади Ҷуръат, яке аз фармондеҳони панҷшерист, ки ба Толибон* пайвастааст.
Аз ин ҳама фақат Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* изҳор кард, ки куштори онҳо кори дасти Толибон* нест, балки дар пайи мухолифати ду фармондеҳи Панҷшер – Гулҳайдархон ва Ҷуръат иттифоқ афтодааст.
Ҷуръат то ба ҳол вокунише накардааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Қорӣ Фасеҳуддин бо вуҷуди таъйин шуданаш ба мақоми сардори Ситоди артиши Толибон* ҳамоно аз масъулони ҷанги Панҷшер аст ва нерӯҳои ӯ ҳамоно дар ин дара мустақаранд.
Қорӣ Фасеҳуддин тоҷик, беш аз 50 – сола ва зодаи вулусволии Вардуҷи вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки дар замони ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ аз саргуруҳҳои Сайид Наҷмиддини Восиқ, фармондеҳи Ҷамъияти исломии таҳти амри Бурҳонуддин Раббонӣ ва Шӯрои наззори Аҳмадшоҳи Масъуд буд.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст