ДУШАНБЕ, 8 сен - Sputnik. Намояндагони ҷунбиши Толибон*, санаи 11 сентябр маросими савгандёдкунии намояндагони нави ҳукумати Афғонистонро баргузор хоҳанд кард, иттилоъ додааст РИА Новости.
Интизор меравад, ки дар ин маросим намояндагони Русия, Қатар, Чин, Туркия, Покистон ва Эрон ширкат кунанд.
Ҳамчунин, Абдулғанӣ Бародар, муовини сарвазири Афғонистон барои даъват намояндагони як қатор кишварҳои дигар ба ин маросимро ба давлатиҚатар сафар хоҳад кард.
Маълум шуд, ки Русия ният надорад аз Маскав барои иштирок дар ин маросим ҳайат фиристад.
"Мо он ҷо сафир дорем ва лозим ба рафтани касе нест", - изҳор дошт Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Бояд қайд кард, ки 11 сентябри соли 2001 бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар таърих, ки аз ҷониби гурӯҳи террористии Ал-Қоида пиёда шуда буд, дар ИМА рух дод. Ин сана барои амрикоиҳо хотирмон аст, зеро онҳо дар саросари кишвар як қатор чорабиниҳо баргузор мекунанд.
Чанде пеш гурӯҳи Толибон* ҳайати нави ҳукумати Афғонистонро эълон карданд, ки боиси вокуниши мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.
Бар хилофи ваъдаҳо, дар ҳукумати нав занҳо ва намояндагони мақомоти пешини ҷумҳурӣ дида намешаванд. Ҳамин тариқ, ҳукумат фарогир нест.
* - як созмони террористӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.