Мирзиёев Раҳмон ва мардуми Тоҷикистонро бо Истиқлолият табрик гуфт

Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон.
Президенти Ӯзбакистон кишвардор ва мардуми Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар табрик гуфт.
Мирзиёев ба мардуми Тоҷикистон — сулҳ, бурдборӣ ва шукуфоӣ таманно намуд.
Тибқи гузориши котиботи президент, дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ шудаанду иҷрои созишномаҳое, ки дар Душанбе зимни сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон ба даст омадаанд, баррасӣ шудааст.
Суҳбати телефонии Раҳмон ва Си Ҷинпин: тафсилот
Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид кардаанд.
Ҳамчунин, дар робита ба авҷ гирифтани танишҳо дар Афғонистон, ки ба амният ва суботи минтақа таҳдид мекунад, кишвардорон идомаи муколама оид ба масъалаҳои Афғонистонро дар доираи ҷаласаи ҷашнии сарони давлатҳои СҲШ ва мулоқоти сатҳи олӣ дар сиғаи СҲШ+СААД, ки нимаи аввали моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, ҷонибдорӣ намуданд.