Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Генерал гуфт, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон номусоид аст

Афганские кишлаки на Таджикско-афганской границе.
Раҳбари Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, ки вазъи ногувортарин дар минтақа дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба вуҷуд омадааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 сен - Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо сабаби ба сари қудрат омадани Толибон* вазъи номусоид ба вуҷуд меояд.
Дар ин бора раҳбари ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров зимни ифтитоҳи машқҳои дастаҷамъии нерӯҳои мустақими СААД дар Қирғизистон хабар дод.
"Вазъи низомӣ-сиёсӣ дар минтақаи масъулияти СААД печида боқӣ мемонад", - гуфт ӯ.
Ба гуфти Сидоров, вазъи номусоид дар минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва он дар пасманзари ишғоли қудрат аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, рушд мекунад.
Представитель Талибана Забихулла Муджахид
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон* аз анҷоми таъсиси ҳукумати нав хабар доданд
Вай таъкид кард, ки дар минтақа сатҳи баланди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароии мазҳабӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки як моҳ пеш ҷунбиши Толибон*, вориди Кобул шуданд. Пас аз он Толибон* эълон карданд, ки ҷанг ба охир расидааст ва шакли ҳукумат дар ояндаи наздик эълон хоҳад шуд.
Движение афганского сопротивления на страже в провинции Панджшер
Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ ҳамлаҳо ба Толибонро* оғоз кард: "Панҷшер таслим нахоҳад шуд"
Ҳоло Толибон* талош доранд, вилояти Панҷшери Афғонистонро, ки таҳти назорати онҳо нест, забт кунанд.
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.