Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Коршинос гуфт, бо кадом роҳ Масъуд метавонад бар Толибон* пирӯз шавад

Сиёсатшинос гуфт, чӣ чиз метавонист ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар мубориза бо Толибон* кумак кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен - Sputnik. Ба изҳороти баланди Толибон* нигоҳ накарда ҳанӯз дар бораи пирӯзии комили онҳо сухан гуфтан, барвақт аст, гуфт Павел Фелдман, муовини директори Институти тадқиқотҳои стратегӣ ва пешгӯиҳои Донишгоҳи РУДН, дар суҳбар бо радиои Sputnik.
Коршинос афзуд, ки ҷанг бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Панҷшер ба фоидаи Толибон* аст: то замоне, ки муқовимат аст, онҳо метавонанд баҳона кунанд, ки ҳоло вақти ҳукумати инклюзивӣ дар Афғонистон нарасидааст.
"Нерӯҳо баръало нобаробаранд. Толибон* бартарии миқдорӣ доранд, онҳо дорои шумораи зиёди пойгоҳҳои низомӣ, ки аз амрикоиҳо боқӣ мондаанд, аслиҳа, чархболҳо, тонкҳо, мошинҳои зиреҳпӯш ҳастанд. Онҳо, албатта, намедонанд, ки аз он чӣ гуна истифода кунанд, аммо ба ҳар ҳол", - шарҳ дод сиёсатшинос.
Фелдман қайд кард, ки агар Масъуд метавонист як "Эътилофи нави Шимолӣ" - ро созмон диҳад, шонси муваффақияташ бештар буд.
“Бархезед”: Аҳмади Масъуд мардуми Афғонистонро ба қиёми мардумӣ даъват кард - садо
Коршинос пешгӯӣ кард, ки қувваҳои муқовимат дар Афғонистон ҷо ҷое боқӣ хоҳанд монд.
Толибон* ҳеҷ гоҳ Панҷшерро забт нахоҳанд кард - коршинос
Ҳоло пешравӣ дар тарафи Толибон* аст ва тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ гуна қувва метавонад онҳоро боздорад, хулоса кард коршинос.
Вазъи Панҷшер: суқут, идомаи муқовимат ва куштори панҷшериҳо
* - ташкилоти террористӣ, ки фаъолияташ дар Русия, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст.