ДУШАНБЕ, 5 сент – Sputnik. Пойгоҳи иттилоърасонии парки фанноварии Пардис, ки ин парк ба унвони муҳимтарин ва бузургтарин парки фанноварии Эрон ба ҳисоб меравад, ахиран бо интишори як изҳороте эълом доштааст, ки паноҳҷӯёни афғонистонӣ то поёни сентябри соли 2021 дар парки фанноварии Пардис қабул карда мешаванд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Дар ин баёния гуфта шудааст, ки бо тавваҷуҳ ба вазъи ногувор ва шароити сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвари Афғонистон ва барои ёрӣ ба бародарону хоҳарони мусулмон барои идомаи фаъолиятҳои ҳирфаии худ дар ҳавзаи фанновариву навоварӣ, парки фанноварии Пардис барои ҷавонони нухба ва корофарини афғонистонӣ барои корофаринӣ ва таъсиси муассисаи корофаринӣ ва ё иштиғол дар ширкататҳои фановарии мустақар дар парк шароиту имконоте фароҳам шудааст.
“Ҳузури гурӯҳҳо ва ширкатҳои таъсисшудаи ширкататҳои хориҷӣ дар паркҳо ва байналмилаллисозии фаъолияту бозори ширкатҳо аз аҳдофи таъсиси паркҳо дар ҷаҳон маҳсуб намешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон парки фанноварии Пардис дар иттилоъияи худ овардааст, ки дар ҳоли ҳозир низ даҳҳо неруи хориҷӣ дар ширкатҳои парк машғул ба кор ҳастанд ва 7 ширкат низ саҳҳомдорони хориҷӣ доранд.