ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Гармшавии глобалӣ ва обшавии доимии ях метавонад боиси бедории вирусҳои ғайричашмдошт бо оқибатҳои пешгӯинашавандаи инсоният гардад, мегӯяд барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел Ра Квон Чунг дар Форуми иқтисодии шарқӣ ба РИА Новости.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар обшавии ях дар ҷангалҳои Сибир, бемориҳои қадимӣ ва вирусҳои ин минтақа метавонанд дубора бедор шаванд. Вай даъват кард, ки ба хавфҳои марбут ба обшавии яхҳои абадӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шавад.
"Пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кадом вирусе, ки дар давраи пеш аз таърихӣ ё садҳо ҳазор сол пеш вуҷуд дошт, метавонад дубора пайдо шавад. Онҳо бармегарданд. <...> Бовар дорам, ки ҳама намудҳои вирусҳое ҳастанд, ки мо қаблан бо онҳо рӯбарӯ нашуда будем", - гуфт Рае Квон Чунг ва илова кард, ки инсоният бояд ба чунин мушкилот омода бошад ва ба онҳо зуд вокуниш нишон диҳад.
Олимони рус таваҷҷӯҳро ба он ҷалб карданд, ки обшавии яхҳои абадӣ бар асари гармшавии иқлим метавонад боиси ба рӯ задани қисмҳои экосистемаҳои қадимӣ, аз ҷумла вирусҳо гардад. Масалан, муҳаққиқон аллакай гузориш додаанд, ки ангезандаи язваи сибирӣ дар боқимондаҳои мамонтҳо пайдо шудааст.