ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Макс Вилсон, ки феълан дар Тоҷикистон қарор дорад, ҳадафи сафарашро роҳандозоии ҳамкориҳо, табодули таҷриба, омӯзишу такмили ихтисоси мураббиёну варзишгарон хондаст.
Вилсон дар мулоқот бо котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо инчунин аз нияти ташкили Академияи баскетбол дар ҷумҳурӣ гуфтааст.
"Дар навбати аввал барои табодули таҷриба мутахассисонро аз NBA ба ин ҷо фиристем ва мураббиёну варзишгаронро аз Тоҷикистон ба ИМА сафарбар намоем. Сипас, бо дастгирии NBA шояд дар Тоҷикистон Академияи баскетбол таъсис диҳем”, - хабар додааст Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли Вилсон.
Абдуллозода Муҳаммадшо дар мулоқот иттилоъ додааст, ки тайи се соли охир дар шаҳри Душанбе беш аз 300 майдончаи варзишӣ сохта шуд, ки барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол нигаронида шудаанд.
Инчунин ҷонибҳо барои омода кардани дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои Бозиҳои Осиё-2022, ки моҳи сентябри соли оянда дар шаҳри Ҳангжоуи Чин ддар назар аст, созиш кардаанд.