ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, Сомон Маҳмадбеков маротибаи чорум дар Мусобиқаи байналмилалии ҷудо ба номи Ҷигоро Кано сабқат мекунад.
Ба иттилои Кумита зӯрозмоӣ 3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Россия, дар доираи Форуми иқтисодии Шарқ баргузор мешавад.
Ба иттилои Кумита зӯрозмоӣ 3 сентябр дар шаҳри Владивостоки Россия, дар доираи Форуми иқтисодии Шарқ баргузор мешавад.
Соли равон сабқат дар ҳайати даставӣ миёни мунтахаби Русия ва мунтахаби байналмилалии ҷудо (U-23), тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо роҳандозӣ мешавад.
Ба ҳайати тими байналмилалӣ, паҳлавони тоҷик низ шомил шудааст, бо намояндаи Русия вориди майдон мешавад.
Кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ дод, ки дар вазни то 57 кило қаҳрамони феълии Аврупо миёни ҷавонони то 23-сола Плеуни Корнелис аз Нидерланд ва барандаи медали биринҷии Чемпионати Аврупо миёни наврасон Ирина Зуева (Русия) вориди майдон мешаванд.
Дар вазни то 73 кило паҳлавони тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон, барандаи медали нуқраи Чемпионати Осиё/Уқёнус Сомон Маҳмадбеков бо чемпиони Аврупо миёни ҷавонони то 21-сола, чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон Казбек Нагучев аз Русия зӯрозмоӣ мекунад.
Ба иттилои Кумита, дар вазни то 70 кило, Марлен Галанди аз Олмон бо Дали Лилуашвили аз Русия, дар вазни то 90 кило Роланд Гоз (Венгрия) бо Ёқубҷон Назиров (Русия) дар вазни беш аз 70 кило Тахина Дюран (Фаронса) ва Даря Владимирова зӯрозмоӣ мекунанд.
Дар вазни беш аз 90 кило Мерт Шишманлар аз Туркия) бо Валерий Ендовитский аз Русия вориди майдон мешавад.