Дабири кулли СММ: фавран бояд ғизо ва дору ба Афғонистон таҳвил дода шавад

Афғонистон ниёзи мубрам ба таҳвили ғизо ва дору дар шароити хушксолӣ ва наздик шудан ба зимистон дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран саҳифаи Твиттериаш навишт: "Бо наздик шудани хушксолӣ ва наздик омадани зимистон, интиқоли ғизо, сарпаноҳу доруворӣ ба Афғонистон зарур аст".
Бояд гуфт, ки Созмони Милал борҳо хостори кумакҳои фаврии башардӯстона ба Афғонистон шудааст.
Ҳамчунин, СММ аз зарурати бозсозии фурудгоҳи Кобулро қайд кард. Созмони Милали Муттаҳид Таъкид доштааст, ки задухӯрди мусаллаҳона дар вилояти Панҷшер миёни Толибон* ва Нерӯҳои Муқовимати Аҳмад Масъуд ба фаъолияти башардӯстона халал мерасонад.
Гутерриш қасд дорад, ки нақшаи кӯмаки фаврӣ ба Афғонистонро ҳафтаи оянда муаррифӣ кунад.
Артиши Масъуд ба Толибон* дар як вилояти ҳаммарзи Тоҷикистон ҳамла кард
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш намояндагони Толибон эълон карда буданд, ки дар давлати ҷадиди Афғонистон намояндагони давлати қабли ин кишвар шомил нахоҳад шуд.
Вазъият дар Афғонистон, бахусус дар даҳ рӯзи аввали моҳи август, вақте Толибон* ҳамлаҳои худро ба нерӯҳои ҳукуматӣ шадидтар карданд, бадтар шуд.
Ягона вилояте, ки Толибон* натавонистанд онро ишғол кунанд, Панҷшер мебошад, ки дар шимолу шарқи Кобул ҷойгир аст.
Санаи 15 август Толибон* вориди шаҳри Кобул шуданд ва Кохи раёсати ҷумҳуриро таҳти назорат гирифтанд. Ашраф Ғанӣ қабл аз расидани нерӯҳои Толибон* ба шаҳри Кобул аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом кард, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кардааст.
* - созмони террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст