Чаро Панҷшер хомӯш аст? – хабарҳои зиддунақиз

Дар пайи даргириҳои ахир дар атрофи Панҷшер робитаи телефонӣ бо дара комилан қатъ шуда, аз шаби гузашта ба ин сӯ хабаре аз он берун намешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 сент – Sputnik. Мавлоно Абдуллоҳ, яке аз аъзои Шӯрои Панҷшер, ки дар хориҷ аз кишвар қарор дорад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, бори охир бо масъулини Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон тамос дошт.
“Дар давоми суҳбати мо тамос қатъ ва дигар барқарор нашуд. Дар он суҳбат ба ман гуфтанд, ки дифоъ ҷараён дорад ва қобили нигаронӣ нест. Аммо вақте бо дигар роҳ бо афроди Ҷабҳа тамос гирифтем, маълум шуд, ки антеннаи телефон дар соҳаи Гулбаҳор тахриб шуда ва иртибот қатъ аст”, - гуфт Мавлоно Абдуллоҳ.
Гулбаҳор, шаҳре дар наздикии Даҳонаи Панҷшер аст, ки ҳоло дар дами ду хатти ҷанг, яке, Дарбанди вилояти Парвон ва дигаре дараи Шутули вилояти Панҷшер ҷойгир шудааст.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Толибон: “Мо дар кобинаи вазирон зан надорем”
Ҳанӯз 28 август “Толибон” аз ширкатҳои мухобиротии Афғонистон дар Кобул тақозо карда буданд, ки хизматрасониҳои худро дар Панҷшер қатъ кунанд. Аммо соҳоти наздики дара ба Гулбаҳор аз антенҳои ин шаҳр баҳра мебурданд ва то шаби гузашта бо олами берунӣ тамос доштанд.
Бино ба гуфтаи Мавлоно Абдуллоҳ, ҳоло ин антенҳо дар пайи даргириҳои ахир тахриб шуданд ва аз кор монданд.
“Ҷабҳа дар талоши барқарор кардани ин хатҳо аст. Чӣ кор хоҳад кард, албатта, махфӣ аст”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, хабарҳои зиддунақизе аз ду ҷониб – ҳам “Толибон”* ва ҳам Ҷабҳаи муқовимат мерасад, ки таъйиди расмӣ надоранд.
Аз ҷумла “Толибон” дар ҳисобҳои худ дар шабакаҳои интернетӣ аз ишғоли ағбаи Ховок, хатти сеюми ҷабҳаи Панҷшер, ки дар қисмати болоии дара аст, хабар медиҳанд.
Ҳамзамон ҳисобҳои зоҳиран мухлиси Ҷабҳаи муқовимат аз забти чаҳор вулусволии вилояти Бадахшон, Варсаҷу Хусти Фиринги вилояти Тахор ва ҳатто озодии Чоряккор, маркази вилояти Парвон, хабар медиҳанд.
Путин дар бораи эътирофи ҳукумати Толибон*
Ин хабар ҳам ҳаст, ки ҳудуди 300 толиби бадахшӣ ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат пайвастаанд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилое, ки манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, дар Андароб иртибот вуҷуд дорад.
Аммо ин хабарро, ки ҳазорон нируи кӯмакии толиб миёни деҳаи Чукарии нави Андаробҳо ва қисмати ҷанубии ағбаи Ховок дар тӯли 8 километр муҳосира мондаанд, дар ҳоле ки 300 нафари онҳо то ин замон дар қисмати шимолии ағба дар муҳосира буданд, касе таъйид накардааст.
Мавлоно Абдуллоҳ мегӯяд, ин хабарҳо ҳанӯз сиққа нестанд ва бояд мунтазири ахбори расмӣ ва боэътимод аз Ҷабҳа буд.
“Шаб нерӯҳои муқовимат дар се ҷабҳа – Дурбанд, Шутул ва Ховок меҷангиданд. Талафоти “Толибон”* дар ҷабаҳоти Дурбанду Ховок хеле зиёд аст, аммо дар ҷабҳаи Шутул ҷабҳа низ талафот дошт. Бақия хабарҳо қобили эътимод нестанд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, ин рӯзи панҷум аст, ки дараи Панҷшер бо “Толибон”* муқовимат мекунад. Бино ба иттилое, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ то ба ҳол ироа кардааст, теъдоди кушташудагони толиб марзи 400 нафарро убур кардааст. “Толибон”* ҳам аз кушта шудани ҳудуди 50 ҷанговари Ҷабҳаи муқовимат хабар додаанд.
*-созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар