Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

КДАМ вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро арзёбӣ кард

Аз ин ниҳоди қудратии кишвар дар бораи вазъияти сарҳади ду кишвар хабар доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сентябрь - Sputnik. Вазъият дар марз бо Афғонистон мӯътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора ба РИА Новости аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати расона аз ин ниҳод, Хадамоти марзбонӣ талошҳои убури паноҳандагон аз қаламрави ҷумҳурии ҳамсояро сабт намекунад.
"Пас аз он ки Толибон* қудратро дар Афғонистон ишғол карданд, вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ором ва назоратшаванда аст",- гуфтаанд дар КДАМ.
Низомиён ба таври маъмулӣ посбонии қаламравҳои кишвари ҳамсояро идома медиҳанд.
Қаблан сокинони шаҳракҳои маҳаллӣ низ аз вазъияти ором дар марз бо Афғонистон хабар дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тағйири қудрат дар ҷумҳурӣ нигаронанд. Муҳити ноором метавонад вуруди террористон боис гардад.
Сафир теъдоди гурезаҳои афғон дар Тоҷикистонро гуфт
Илова бар ин, пас аз сари қудрат омадани Толибон*, бисёр афғонҳо мехостанд кишварро тарк кунанд.
Тибқи пешгӯиҳои коршиносони ҷаҳон, садҳо ҳазор паноҳандагон ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар давлатҳо мераванд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар