Раҳмон бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро ифтитоҳ кард

Дар Рӯзи дониш раисҷумҳури Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар пойтах бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро ифтитоҳ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамроҳ бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 2 бинои нави таълимии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизматро мавриди истифода қарор дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Гуфта шудааст, ки корҳои сохтмонӣ дар биноҳои нави таълимӣ ҳануз моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида буд ва дар кутоҳтарин муҳлат ба анҷом расид.
Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3 ошёна мебошад, аз ҳисоби маблағҳои худи муассисаи олии таълимӣ бунёд шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон: мардуми тоҷик сулҳро бо баҳои гарон ба даст овард
Манбаъ таъкид доштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани чораҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои мушаххас дод.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷараёни таълим дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат пурра тариқи низоми кредитии таҳсилот ба роҳ монда шуда, донишҷӯён аз рӯйи барномаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр дар 53 ихтисос, магистратура дар 15 равия, таҳсилоти дуюми олии касбӣ дар 5 ихтисос, докторантура аз рӯйи ихтисоси (PhD) таълим мегиранд.
Қайд шудааст, ки Донишкада соли 1991 таъсис дода шудааст ва ҳамчун маркази муҳими илму ҳунаромӯзӣ ва фарҳангӣ то ба имрӯз барои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллии мамлакат зиёда аз 12 ҳазор нафар мутахассиси баландихтисосро тайёр намудааст.
Ҳоло Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат имкон дорад, ки 7 ҳазору 557 нафар донишҷӯро ба донишомӯзӣ фаро гирад.
Сипосгузории Раҳмон аз Муродов ва Ҷурахонов: мактабу хобгоҳ сохтанду боз бунёд карданиянд
Ҳамзамон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корҳои сохтмонии боз як бинои дигари таълимии иловагӣ ва маркази бо ҷойи кор таъминкунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз 8 ошёна иборат хоҳад буд, оғоз бахшида шуд.
Ёдрас мешавем, ки танҳо имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ 6 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла, бинои нави Донишгоҳи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №113, Хобгоҳ барои тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1, Муассисаи давлатии таълимии “Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат” ва дар алоҳидагӣ бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе Кӯдакистон ва Литсейи “Адолат” ифтитоҳ , ки натиҷаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳа мебошад.