Сипосгузории Раҳмон аз Муродов ва Ҷурахонов: мактабу хобгоҳ сохтанду боз бунёд карданиянд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкороне, ки дар шаҳри Душанбе мактаб ва хобгоҳ бунёд карданд изҳори сипос кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар шаҳру Душанбе бо иқдоми ду соҳибкор директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Моҳир семент" Баҳриддин Ҷурахонов ва вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов як мактаб ва хобгоҳ бунёд шуд, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Бино ба гузориши манбаъ, дар маросими ифтитоҳи ин ду иншоот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ки кишвардор ба соҳибкорон барои иқдоми созанда изҳори сипос кардааст ва онщо боз ваъда кардаанд, ки ду мактаби дигар дар пойтахт бунёд мекуннд.
Ин ду иншоот ба муносибати 30-солаги Истиқлоли давлатӣ бунёд шудаанд.

Мактаби №133

Ин мактаб дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои пойтахт аз тарафи соҳибкори ватанӣ — директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Моҳир семент" Баҳриддин Ҷурахонов сохта шуда, аз 4 қисми ба ҳам пайвасти 4 ошёна иборат буда, барои 2 ҳазору 560 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода cе мактаб ифтитоҳ кард
Муассисаи таълимӣ дорои 68 синфхона иборат аст.
Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароит ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд додааст.

Хобгоҳи Мактаб - интернати рақами 1

Ҳамчунин, дар ноҳияи Синои пойтахт бинои хобгоҳи Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе бо ширкати президент ва раиси шаҳр ифтитоҳ шуд.
Бинои хобгоҳ барои 375 нафар бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сарманзил" Маҳмудҷон Муродов сохта шудааст.
Манбаъ афзуда, ки иншооти навбунёд аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 1 гектар замин қомат афрохтааст. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида, дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонда шудааст.
Ташкили “Мактаби Эмомалӣ Раҳмон”: довталабон аз рӯи кадом ихтисосҳо қабул мешаванд?
Бинои хобгоҳ аз 45 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳо барои мураббиён, мудир, посбон ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат аст.
Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастор, ки яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, соли 1972 дар заминаи “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор” таъсис ёфтааст.