ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Барои Маскав аз ҳама муҳим таъмини бехатарии иттифоқичиёнаш баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон мебошад, хабар додааст РИА Новости аз қавли Лавров.
Аз ҷумлаи иттифоқчиёни Маскав дар Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии муштарак дорад, Тоҷикистон мебошад. Лавров гуфт, бо иттифоқчиёнашон дар Осиёи Марказӣ пайваста дар тамосанд, чун аз ин бевосита бехатарии марзҳои ҷанубии Русия вобастагӣ дорад.
"Умедворам, ки якҷоя мо дар мавриди иқдоми хориҷӣ созиш мекунем, ки барои ташаккули шароити хуб ва таъсиси ҳукумати воқеан умумимиллӣ мусоидат мекунанд", - изҳор дошт Лавров.
Қаблан мақомдорони Русия изҳор доштанд, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳанд кард.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мавриди Афғонистон гуфт, бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Ӯ афзуд, ки бояд кумак кард, мунтазир шуд, ки вазъ аз дохил мусоид шавад.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт.
Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат, ҳамлагарон шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар