Ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* фурудгоҳи байналмилалии Кобулро пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ худи ҳамон шаб таҳти назорати худ дароварданд.
Аз шаб то субҳ дар кӯчаҳои шаҳри Кобул садои тирандозии шодбошии Толибон* бино бар хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ ба гӯш мерасид.
Баъди аз Кобул берун рафтани амрикоиҳо аксу видеоҳое паҳн мешавад, ки дар он дида мешавад, ки Толибон муассисаҳои фурудгоҳи Кобулро ишғол мекунанд.
Дар як наворе, ки рӯзномаи “Лос-Анҷелес таймс” нашр кардааст, авалин лаҳзаҳои вуруди ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон* ба фурудгоҳи шаҳри Кобул дида мешавад.
Дар ин навор дида мешавад, ки амрикоиҳо шитобкорона Афғонистонро тарк намуданд ва ҳатто фурсант наёфтаанд техникаву таҷҳизоту худро ба таври комил бо худ бубаранд. Дар навор чанд чархболи низомӣ дида мешавад, ки аз сӯи амрикоиҳо дар фурудгоҳ боқӣ мондааст.
ИМА ва муттафиқонашон гуфтанд, ки дар давоми ду ҳафтаи ахир 123 ҳазор нафарро аз Кобул берун бурданд ва дар баробари хориҷиҳо миёни онҳо ҳазорҳо мутахассисоне буданд, ки барои ҳукумати пешин кор кардаанд.
Дар расонаҳо акси охирин аскари амрикоӣ, ки Афғонистонро бо охирин ҳавопаймо тарк кард нашр шудааст.
Сухангӯи Толибон* Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, ки Афғонистон бо берун рафтани амрикоиҳо “ба истиқлолияти пурра даст ёфт”.
* - созмони террористие, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.