Созмони милал ба Толибон*: ба мардум иҷозаи сафар аз Афғонистонро бидиҳед

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар як қатънома аз Толибон* мехоҳад ба касоне, ки қасд доранд Афғонистонро тарк кунанд роҳи озоди хуруҷ аз кишварро фароҳам созанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Дар қатъномаи Шӯрои Амният, ки ахиран дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ оид ба Афғонистон қабул шуд, дар бораи ташкили минтақаи амн дар Кобул чизе гуфта нашудааст.
Пештар раисҷумҳури Фаронса гуфта буд, ки кишвараш ҳамроҳ бо Бритониё ба Шӯрои Амният дар бораи таъсиси минтақаи амн дар Кобул пешниҳод хоҳад кард.
Ин қатънома бо раъйи мувофиқи 13 кишвар ва бо бетарафии ду кишвар Русия ва Чин қабул шуд.
Дар қатънома ҳамчунин бар аҳамияти дастрасии мададрасонон ба Афғонистон, риояти ҳуқуқи башар, ташкили як ҳукумати фарогир ва мубориза бо терроризм таъкид шудааст.
Амрикоиҳо пас аз ҳамлаи террористӣ дар Кобул ба сӯи мардум оташ кушоданд: шоҳидон
Шӯрои Амнияти СММ ин қатъномаро дар ҳоле қабул кард, ки нирӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон дирӯз комилан хориҷ шуданд. Ҳузури 20-солаи низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон ба поён расид.
Ин дар ҳолест, ки наздик ба 100 кишвар, ба шумули Иёлоти Муттаҳида, гуфтанд, ки онон аз Толибон тааҳҳуд гирифтаанд то хуруҷи озодро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва афғонҳои дар маърази хатар аз Афғонистон фароҳам созад.
Шӯрои Амнияти СММ ҳамчунин ҳамлаи ахир ба фурудгоҳи Кобулро, ки беш аз 170 нафар кушта бар ҷой гузошт, маҳкум кард.
* - созмони террористие, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст