ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, мулоқоти сатҳи баланд тариқи фосилавӣ бо иштироки намояндагони Туркманистон, Австрия, Олмон, Юнон ва Дания баргузор шуд.
Манбаъ мегӯяд, Тоҷикистонро дар ин мулоқот генерал - полковник, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар намояндагӣ кард.
"Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба вазъ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намуда, ҷиҳати таҳким ва тавсеаи ҳамкорӣ дар қолабҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ба мақсади таъмини амнияти минтақавӣ изҳори омодагӣ карданд", - омадааст дар иттилоияи ВУД Тоҷикистон.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи шиддати вазъ дар Афғонистон тамоси мақомдорони Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Покистон, Ӯзбекистон афзоиш ёфта, вазъи марз аз мавзӯъҳои меҳварии гуфтушунидҳо бо мақомдорони Аврупо мебошад.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баробари баррасии вазъ бо роҳбарони кишварҳои минтақа, инчунин бо Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса ин масъаларо ба миён гузошт. Президенти Тоҷикистон инчунин 30 августи бо вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро мулоқот кард, ки ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ байни ҷонибҳо буд.
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, назари кишвари моро ба ҳолати кунунӣ ва паёмадҳои он ироа намуданд.
Ҷониби Тоҷикистон таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистонро роҳи ҳалли буҳрон дар ин кишвар медонад.
Эмомалӣ Раҳмон борҳо пешниҳод кард, ки таҳти сарпарастии СММ ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули Ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои лозима андешида шаванд.
Феълан идораи умур дар 33 музофоти Афғонистонро созмони Толибон* дар даст дорад. Панҷшер ягона вилояти берун аз тасаллути Толибон* мебошад, ки нерӯҳои зидди ин гуруҳи тундрав дар он ҷамъ омада, ба мубориза барои як Афғонистони озод таъкид мекунанд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар