Раҳмон Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош ва аз вазъи Афғонистон гуфт

Президенти Тоҷикистон ва Беларус сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Беларус Александр Лукашенкоро бо зодрӯзаш шодбош гуфт, гузориш медиҳад дафтари матбуоти президент.
Бино бар иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.
"Ҷонибҳо ҳамчунин ба муносибати ҷашни 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду давлат, ки ба 5 сентябри соли равон рост меояд, мубодилаи табрикот анҷом доданд", - менависад дафтари матбуотӣ.
Ҷонибҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро баррасӣ карданд.
Масъалаи вазъи Афғонистон низ аз мавзӯъҳои сӯҳбати сарони кишварҳо буд.
Тоҷикистону Беларус ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳанд кард
Сарони ду давлат ҳамчунин, рафти омодагӣ ба саммити дарпешистодаи СААД-ро, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
Дар ин зимн аҳаммияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Беларус дар ҳама соҳаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карда шуд.
Президентҳо рағбати худро ба таҳкиму тавсеаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус бар нафъи мардумони ду кишвар таъкид намуданд.