ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Мустафо Раҷабии Машҳадӣ, роҳбари ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон эълон доштааст, ки имкон вуҷӯд дорад то беш аз 400 МВт таъмини барқи кишвари Покистону Афғонистон афзоиш дода шавад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Вай афзуд, ки роҳбари ширкати мудирияти Шабакаи барқи Эрон гуфт, алоқаманд ба тавсеаи равобит ва ҳамчунин содироти бештари барқ ба Покистону Афғонистон аст.
Раҷабии Машҳадӣ қаайд кард, ки хати интиқол то марзи Покистон барои таъмини барқи бандари "Гвадар"-и Покистон ҳам эҳдос шуда, аммо шабакаи барқ дар ин кишвар ҳануз муҳайё нест.
Вай ҳамзамон дар бораи содироти барқ ба Афғонистон ишора кард.
“Ба кишвари Афғонистон ҳам содирати барқ дорем ва маҷмӯи барқи содиротӣ ба Афғонистону Покистон зери 100 МВт аст”, - таъкид дошт Мустафо Раҷабии Машҳадӣ.