Боэътимодтарин асъори ҷаҳон эълон шуд

Иқтисоддони рус дар бораи боэътимодтарин аъори дунё гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг - Sputnik. Яке аз асъорҳои устувор ва боэътимод дар ҷаҳон франки швейтсарӣ мебошад, иттилоъ додааст агентии иттилоотии Prime дар истинод ба Дмитрий Бабин, коршиноси ширкати BCS World of Investments.
Тавре иқтисоддон қайд намудааст, устувории франк мустақиман ба иқтисодиёти Швейтсария вобаста аст, ки ба ихтисоси баланди меҳнат ва шароити муносиб барои пешбурди тиҷорат тавсиф мешавад.
"Ин кишвар бузургтарин коркардкунандаи тилло дар ҷаҳон, инчунин пойтахти бонкӣ ва молиявии Аврупо, ба ҳисоб меравад. Ин кишвар худро ба унвони як низоми боэътимоди молиявӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст", - гуфт коршинос.
Коршиноси масоили иқтисод ёдрас шуд, ки дар соли 2020, бо ноором шудани бозорҳо ба сабаби пандемия, арзиши франки швейтсарӣ ба таври назаррас боло рафт.
Ба гуфтаи Бабин, дар давраи бӯҳрони навбатӣ пули швейтсарӣ эътимоднокии худро бори дигар исбот хоҳад кард.
Иқтисоддон шарҳ дод, ки чаро рубл суқут намекунад
Тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия, 1 франки швейтсарӣ 80,74 рубл арзиш дорад.
Қаблан иқтисоддонҳо фурӯпошии долларро бинобар ба сари қудрат омадани ҷунбиши радикалии Толибон ( мамнӯъ дар қаламрави Русия) пешгӯӣ карда буданд.
Ноустувории иқтисодиёти ИМА бинобар афзоиши қарзи миллӣ ва воридшавии триллионҳо доллар ҳамеша сабаби пешгӯиҳои ташвишовар буд. Ҳоло тарс вуҷуд дорад, ки Толибон аз доллар даст кашидани ҷаҳонро суръат мебахшанд.