ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik. Донишҷӯён мегуянд, нархи хонаҳои иҷора дар Хуҷанд дар муқоиса ба соли қаблӣ тағйир ёфтааст ва агар нархи роҳкирои автобусу микроавтобусҳо низ баланд шавад, онҳо ба мушкили сахти иқтисодӣ дучор мешаванд.
Мирзонабӣ, донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон иброз намуд, ки ба фарқ аз соли гузашта нархи хонаи иҷора боло рафтааст.
“Мо ҳамроҳи чор ҳамдеҳаамон дар хонаи якҳуҷрагӣ дар Хуҷанд зиндагӣ мекардем ва моҳона 500 сомонӣ иҷорапулӣ медодем. Имсол соҳибхона пеш аз он, ки калиди хонаро ба мо диҳад, дар бораи нарх гап зад ва гуфт, ки ҳама чиз гарон шудааст ва нархи иҷораи хона 600 сомонӣ аст”, - гуфт донишҷӯ.
Дар шаҳри Хуҷанд шаш донишгоҳу донишкада ва омӯзишгоҳҳо мавҷуд буда, дар онҳо ҳудуди панҷоҳ ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад. Аммо донишгоҳҳо то кунун ба таври қобили мулоҳиза хобгоҳҳо надоранд ва аз ин лиҳоз бисёриҳо солҳои таҳсили донишгоҳиро дар хонаҳои иҷоравӣ сипарӣ мекунанд.
Аксар донишҷӯёни Хуҷанд дар бораи гароншавии нархи хонаҳои иҷоравӣ таъкид меварзанд. Равшан, дигар аз донишҷӯёни Хуҷанд мегӯяд, аз он бим доранд, ки дар пайи болоравии нархи маводи сӯхт, агар нархи роҳкирои микроавтобусҳо ҳам тағйир ёбад, ба ҷайби бе ин ҳам хароби донишҷӯён зарба хоҳад зад.
“Масофаи миёни донишгоҳ ва хонаи мо хеле зиёд аст ва пиёда тай кардани он вақти зиёдро мегирад. Аз ин сабаб мо ҳаррӯз барои хизматрасонии нақлиёт 3 сомонӣ сарф мекунем, агар боз нархи роҳкиро тағйир ёбад, харҷи мо боз ҳам зиёдтар мешавад”, - иброз намуд донишҷӯ.
Дар ҳоли ҳозир қимати роҳкиро барои дохили шаҳр 1, 5 сомонӣ аст. Арзиши гази моеъ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ умдатарин маводи сӯхт дар шаҳру навоҳии Суғд назар ба ду ҳафтаи қаблӣ аз 30 то 50 дирам боло рафтааст.
Тибқи нархномаҳои нав, ки нуқтаҳои таъмингоҳҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Хуҷанд ва дигар навоҳии Суғд нашр намудаанд, нархи бензини навъи АИ 95 – 10, 5 сомонӣ, АИ 92 – 10 сомонӣ, гази моеъ 8, 5 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ ба 9, 3 сомонӣ баробар шудааст.
Болоравии нарх дар муқоиса бо аввали соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ 3 сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 3 то 3, 4 сомонӣ ё аз 45 то 48% баланд шудааст.
Моҳи январи соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ гази моеъ ҳудуди 4 сомонӣ ва бензину сӯзишвории дизелӣ то 7 сомонӣ нарх доштанд. Масъулони идораи зиддимонополӣ сабаби рӯз ба рӯз болоравии нархи маводи сӯхтро то кунун расман шарҳ надодаанд.
Роҳбарони ширкатҳои чаканафурӯшӣ болоравии нархро аз болоравии нархи воридоти он зикр мекунанд.
Тоҷикистон маводи сӯхтро аз хориҷа аз кишвари Русия ва Қазоқистон ворид мекунад.