Вазири тандурустӣ мегӯяд, пирӯзӣ бар коронавирус дар Тоҷикистон наздик аст

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, пирӯзӣ бар мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ наздик аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, марҳалаи афзоиши беморӣ ба поён расида, ҳолати сироятшавӣ рӯз ба рӯз кам мешавад.
Ба гуфтаи Ҷамолиддин Абдуллозода, на ҳамаи онҳое, ки бо нишонаҳои коронавирус дар беморхонаҳо бистариянд, гирифтори COVID - 19 мебошанд.
"Баъзе беморон бо ташхиси пневмония табобат мегиранд. Вазъият муътадил ва идорашаванда буда, пирӯзии мо алайҳи мавҷи дуюм наздик шудааст, вале дар ин самт бояд маъракаи ваксинакунонии аҳолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дода шавад", - шарти пирӯзиро баён доштааст вазир дар суҳбат бо рӯзномаи "Ҷумҳурият".
Ба иттилои роҳабарияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба кишвар зиёда аз 4 миллиону 260 ҳазор вояи ваксина ворид гардида, зиёда аз 30 дарсади аҳолӣ аллакай воксин гирифтаанд.
Дар Ӯзбекистон аз помидор алайҳи COVID - 19 ваксина сохтанд
Таъкид шудааст, ки агар Тоҷикистон воксинзанӣ 61,5 дарсади аҳолиро фаро гирад, иммунитети оммавӣ ташаккул меёбад.
Ин дар ҳолест, ки воксинзанӣ дар Тоҷикистон барои афроди аз 18-сола боло ҳатмӣ эълон шудаст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то оғози 28 август дар кишвар 16 ҳазору 696 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16531 (99,0%) нафар шифо ёфтаанд. Теъдоди фавтидагон 124 нафар мебошад.