ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои қазоқистонияш, Қосим–Ҷомарт Тоқаев дар робита ба таркиши маргбор дар қисми низомӣ дар ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кардааст.
"Хабари таркишҳои фоҷеабор дар қисми ҳарбии воқеъ дар вилояти Ҷамбули Ҷумҳурии Қазоқистон боиси андӯҳи мо гардид", - омадааст дар паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз Тоқаев хостааст, ҳамдардӣ ва тасаллиёташро ба наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеа бирасонад ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.
Бар асоси гузоришҳои охир, дар пайи таркишҳо дар анбори лавозимоти ҷаангии қисми низоӣ дар вилояти Ҷамбул 13 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар осеб диданд. Аз ҷумла зимни бартарафсозии оқибатҳои таркишҳо ҳудуди 50 корманди Вазорати ҳолатҳои фавқулодда низ осеб дидаанд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон дар ин робита 29 августро дар кишвар рӯзи мотами умумимиллӣ эълон карда, ҳалокшудаҳо дар таркишро бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ кардааст.