Амрико аз ҳамлаи интиҳорӣ дар фурудгоҳи Кобул пешгирӣ кард: мошини маргталабонро тарконд

Мақомдорони амрикоӣ мегӯянд, дар фурудгоҳи Кобули Афғонистон аз як ҳамлаи маргталабон пешгирӣ карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Амрико ба хотири маҳв намудани чанд маргталаб, ки қасди худро дар фурудгоҳи шаҳри Кобул тарконданро доштанд, пешгирӣ кард.
Манобеи Ассошиэйтед Пресс бо истинод ба мансабдорони амрикоӣ хабар дод, ки ИМА дар Кобул зарбаи ҳавопаймои бесарнишинро роҳандозӣ кард ва маргталабонро безарар гардонд.
Таркиши навбатӣ дар наздикии фурудгоҳи Кобул - навор
Ба иттилои манбаъ, зарба ба мошине зада шудааст, ки дар он "чанд маргталаб" савор буданд ва ҳадафи пиёда намудани таркиш дар фурудгоҳи Кобулро доштанд.
Қаблан ин оҷонсӣ бо такя ба намояндаи Толибон* хабар дода буд, ки ҳадафи зарбаи Амрико дар Кобули Афғонистон як маргталабе буд, ки қасд дошт ба фурудгоҳи пойтахт ҳамла кунад.
Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо расиданд, ки бар асари ҳамлаи мушакӣ як кӯдак ҷон аз даст дод ва ҳамзамон се нафари дигар шадидан маҷрӯҳ гардиданд.
Ба навиштаи аксар расонаҳо мушак болои боми як бинои истиқоматӣ, ки дар наздикии фурудгоҳ қарор дошт, афтодааст.